АЙЕМИ СИЁМ (#14644)

*Дар «Китоб-и Ақдас» омадааст: «Туро аз ибтидои балоғат (15 солагӣ) ба намозу рӯза амр кардем; Инро Худои якто Парвардигори шумо ва Парвардигори падаронатон муқаррар кардааст.... Мусофир ва беморон ва заноне, ки ҳомиладор ҳастанд ва шир медиҳанд, рӯза гирифтан надоранд.... Аз таъом ва нӯшидан парҳез кунед аз тулӯи офтоб то ғуруби офтоб ва барҳазар бошед, ки нафс шуморо аз ин неъмате, ки дар Китоб муқаррар шудааст, маҳрум нанамояд».

*Давраи Рӯза мутаносибан аз 1 ё 2 март то 19 ё 20 март аст

  Ситоиш Туро бод, Эй Парвардигор, Эй Худои ман! Суол мекунам Туро ба ин Зуҳуре, ки ба он торикӣ ба равшанӣ мубаддал шуд ва Байти Маъмур сохта шуд ва Лавҳи Мастур нозил шуд ва Раққи Маншур кушода шуд, то бар ман ва ононе, ки ҳамроҳи мананд, он чиро нозил намоӣ, ки моро барои парвоз дар осмонҳои ҷалоли тавонои Ту омода намояд ва аз мо занги он шубҳаҳоеро бизудояд, ки онҳо касонеро, ки дар шакканд, аз даромадан ба Ҳарами Ягонаи Ту боздоштаанд.
Эй Парвардигори ман! Манам оне, ки ба ресмони ғамхории Ту чанг задааст, ва домани меҳрабонӣ ва диҳиши Туро сахт доштааст. Ба ман ва ба дӯстони ман хайри дунё ва охиратро муқаддар намо. Сипас онҳоро аз он неъмати макнунае, ки барои беҳтарин баргузидагони Худ муайян намудаӣ, рӯзӣ бибахш.
Эй Парвардигори ман! Ин ҳамон рӯзҳоест, ки Ту бар бандагони худ фармудаӣ, ки рӯза бигиранд. Хушо аз барои оне, ки танҳо барои ризои Ту рӯза дошт ва аз ҳама, ҷуз Ту, чашм барбаст. Эй Парвардигори ман! Маро ва ононро ба итоати аз Ту сарфароз намо. Ба ростӣ, он чӣ хоҳӣ бар он тавоноӣ.
Нест, Худое ҷуз Ту, Донои Хирадманд. Ҳама ситоиш бар Ту бод, бар Офаридгори ҷаҳонҳо!

-Bahá'u'lláh
-----------------------

АЙЕМИ СИЁМ (#14645)

Ба номи Мавъуди Китобҳои Худованди Доно ва Огоҳ!
 Айёми рӯза фаро расидааст, ки дар он бандагоне, ки даври арши Ту ҳалқа задаанд ва ба ҳузури Ту расидаанд рӯза гирифтаанд. Бигӯ: Эй Худованди исмҳо ва Офаридгори осмон ва замин! Суол мекунам аз  Номи Абҳои  Ту то бипазири рӯзаи касонеро, ки ба хотири муҳаббати Ту ва ризои Ту рӯза гирифтаанд  ва он чиро, ки дар Китобҳо ва Алвоҳи Худ дастур додаӣ ба ҷо овардаанд. Илтиҷо мекунам бо онҳо, то маро дар тарвиҷи Амрат муайяд ва дар муҳаббати Худ мустақим гардонӣ, то аз хурӯши ибоди Ту қадамҳоям налағзад. Ҳамоно Туӣ тавоно бар ҳар чӣ бихоҳӣ. Нест Худое ҷуз Ту, Зиндакунанда, Тавоно, Бахшандатарин ва Қадимтарин дар ин рӯзгор.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

АЙЕМИ СИЁМ (#14646)

Муқаддаси Ту, Эй Худои ман! Ба амри Ту рӯза гирифтаем ва ба меҳр ва хушнудии Ту ифтор кардаем. Пас Эй Худои ман, он чиро ки дар роҳи Ту, маҳзи ризои хотири Ту, ва дар иҷрои амри Ту, бидуни он ки назаре ба ғайр аз сӯи Ту дошта бошем, анҷом додаем, аз мо бипазир. Пас моро, ва падарони моро, ва ҳар он касеро ки ба Ту ва оёти куброи Ту дар ин Зуҳури аъзами Абҳо имон дорад, мавриди афв ва ғуфрони Худ қарор деҳ.Туи тавоно бар ҳар он чи ки бихоҳӣ, ва Туи Баландмартаба ва Азиз, ва Мухтор.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

